Блоги Бахтиёр

weblogи Бахтиёр Фазуллоев.

Рох ба сўи Шпола идома дорад…

Оҳиста-оҳиста субҳ ҳам сафед шудаст. Ба ҳарсеи мо (самандро ҳам ба назар гирем-дия) Далер Назари ғариб бепулакак хизмат карда истодааст. Ҳамин ғариб-ғариб мегуяму, ба ёдам Худораҳматии Кароматулло меояд. Агар у ҳам роҳи ғарбиро пеш мегирифт шояд зинда мемонд, ки медонад… Марг ҳам мачбурй мешавад-ку! 

Пеши назар давраҳои чанги шаҳрванди меояд. Чи қадар мардумамонро бехонаву дар кард ин чанги ланъати.
Ана ман ба зиёрати хонаи охирати як точикбаччае рафта истодаам, ки 66 сол муқаддам дар ин замини имруз барои мо бегона «Ватан» гуфта чонашро ба Чонофарин супоридааст. Шаҳид аст, имонам ба ин комил аст.
Яроқ ба даст гирифтану чангидани уро метавон фаҳмид, чун бар зидди душман, бар зидди фашизм, аммо чангидани фарзандони точик бар зидди якдигарро чи тавр баҳо диҳем?! Ё чи тавр тасвир кунем? Шояд ба ин савол ҳеч кас чавоб надихад. 

Худоё чи имтиҳоне аз точикон мегири-а.
Шунидаам, ки Худованд беҳтаринонро аз имтиҳони вазнину сангин мегузаронад. Пас, бешак миллати ман беҳтарини миллатҳост. Ҳазор сол давлати точикон дар дасти туркон буд, аммо ба ҳар ҳол давлати точикон буд. Чи имтиҳони осоне будааст, он назар ба имтиҳони сангини дар пешбуда.  

Инкилоби Октябр шуду точик аз руи замин гуё гум шуд. Шукрат мекунам, ки ин имтиҳонат зиёд тул накашид. Аввал дар ҳайати республикаи Узбакистон ба таври автономи, баъд бо як вачаб хок республикаи алоҳида шудем. 

 Баъди 70-сол моро «воля» доди. Чи хурсандамон карди! Аммо боз як санчиши сангин пешамон монда будию, мо бехабар… 

Дунё аз МО точикон давлатдорй ёд гирифтааст. Кй аввалин шуда давлатдориро тарики вазоратҳо пеш гирифт? Точик! Давлати Чин, ки бузургтарин буду ҳаст, бо ҳамин кадар фалсафаи бояш бо чи дар дунё машҳур? : Бо Great walls! Маҳз точикон нишон доданд, ки барои ҳимояи давлат ягон деворе зарур нест — агар халк давлатшро дуст дорад. Беҳтарин девор!!! 

Мо аз соҳибистиклол гардиданамон чунон бехуд шудем, ки… Душманомон гуфтанд, туро бародарат душман аст, дигаре – падарат… Аз бехудиамон бе худтар шудему ярок гирифтему якдигарамонро катл кардем. Чи вокеоти нангин! Агар бегона маро мекушт, шояд то ба ин дарача алам намекард. 

Хайфи миллат. Садкаи ин миллат шавам… 

Чунин имтихонро ёд надошт ин миллат.  

Дунёи савдо бигзарад,
Андуҳи дилҳо бигзарад.
Ҳам навбати мо, ҳам навбати мо,
Ҳам навбати мо, бигзарад…  

-Ҳо, -мегуям Далер, -рост мегуи, он гузашту ин ҳам гузарад…
Далер давом медиҳад: 

Аммо бо сад рамзу нишон…  

Миллати ман оҳ мекашаду бо Далер хамовоз мешавад:  

Чандин макон дигар шавад,
Чандин замон дигар шавад…
Чандин чаҳон ЧАНДИН ЧАХОН дигар шавад…
Аммо ба сад рамзу нишон,
НЕКИ БИМОНАД ЧОВИДОН!!! 

Чи хамсафари хуб хасти, Далер? Худат ку ба мисли бехтарин фарзандони миллат, масалан, Камоли Хучандию дигарон гариб хасти, боз ба ин нигоҳ накарда мани мусофирро дилбардори хам мекуни? Бузург хасти! 

Мо як нафас меистем. Владимир Викторовичро хумори сигор гирифтааст. Вообще, ман уро шинос накардам? Беҳтарин гидрогеолог дар Институти илмӣ-тадкикотии Гидрометеорологии Украина. Шиносои аз ин зиёд намешавад 🙂 

Агар ман ба мисли вай мебудам, гуем-ки ба ким-кадом як шахси бегона чунин ёрй мекардам? Ҳмм. Ба гумон… 

Як вокеае ба ёд омад, 

Тирамоҳи соли гузашта ба лабораторияи мо намояндагони Москов омада буданд. Азбаски точик хастем, мурда-мурда мехмондориаш кардем-дия. Хуллас, «Расми хуби точиконро» гум накардем. 

Рузе, ки ба Душанбе мерафт, аз у хохиш кардем, ки моҳй диҳем то ба шиносамон, ки дар Аэропорти Душанбе вайро пешвоз мегирад, расонад. Падарланъату окипадар руи рост:
-Нет, я это не буду отнести-, гуфт.
ВОҲ!!! Замину Осмон ба якдигар часпиданд. Хун дар сарам зад. Сардори лабораторияам, ки худаш урус ҳаст (не, инаш уруси худамон) маро бо чи тавр ором кард, намедонам…
Ҳеҳ, руи рост бо точики ҳакораташ кардам. Ки мегуяд, ки нафаҳмад!
Баъд уруси худамон ба ман фахмонд, ки барои москвичхо — «это в порядке вещей… все нормально…»
-Мурад, ки ба аэропорт намебарамаш! — гуфтаму дар берун интизори одамони худамон будам.
Хуллас, як бало карда вайи ланъатиро рози кунондану моҳиро ба вай, уро ба мошини ман бораш карданд.
Не, намебурдамаш, лекин ҳамин начальники марказамон (Маркази илмӣ-истеҳсолии «Технология», ки дар онҷо кор мекунам) Ҳоҷиён Мирзошокири Қосимпур мачбурам кард. Мирзошокир номзади илми кимиё аст, дар соҳаи тилло кор карда истодааст. Агар садди роҳаш нашаванд, ин чавон номи миллатро бо илм дар дунё ошно месозад, иншооллоҳ.  

Аслан, укроинихо Руссияро онкадар дуст намедоранд. Мегуянд, Руссия аз ҳар чихат фишор меорадашон… 

Хавои хашмину кахролуд

Хавои хашмину кахролуд

 Ман ҳам як ҳавои тоза гирам гуфа, ба берун баромадам.
Борон аллакай монда буд. Ба ин нигоҳ накарда, ҳаво қошу қабоқашро намекушояд, хашмгину абролуд. Ба  атроф менигарам, Худоё! Чи хушбахт хастанд, хахолҳо! Худо барояшон аз ҳама боигарии асосии инсон  – замин додааст, боз чигуна: сиёҳзамини (чернозем) равғанин!!! 

Агар барои халки точик ҳам чунин замин медоди, — хасрат мекунам ман. Як вачаб замин додию камтар аз даҳякаш хокаст дигар ҳама куҳ… 

 Фикрхои пешин тасдик мешаванд, миллати ман дар ин дунё ба имтихони вазнинАШ гирифтор аст… 

Сабр мебояд, сабр…
Дигар чй чора?

Декабрь 4, 2009 Posted by | Uncategorized | 10 комментариев

Рох ба суи Шпола…

МАНУ БОРОНУ САМАНД…

Соати 5:30 субҳ ба сафар баромадем. Субх холо нияти дамидан надошт. Борони барои ман ачоибу гароиб нарм нарм меборад. Мошинамон Вольвои куҳна – соли таваллудаш 1987 (Ношукри аллакай сар шуд).

Буи субҳ охиста-охиста ба машом мерасад. Куча аз ҳисоби чарогонаш равшан (сер шав дар Ватан инашро намебини). Мо оҳиста-оҳиста аз шаҳр берун баромадем. Як ба ису онсу нигоҳ кардаму гуфтам, чура камтари дигар маззаи хобро гир бо пушаймон нашави… Дар аснои хамин фикр проблемаи таҳорат ба калла зад (вечно ту соҳиби проблема). Рекорди шахсиам аз пешин то хуфтан.

Аз шаҳр анча дур шудем. Шаб, ки дер хоб рафта будам, хоҳ нохоҳ ганабам меомад. Нав чашмам гарм шуда буд, ки дар як деҳа гаишник моро дошт. Канивец ҳакораткунон мошинро нигоҳ дошт. Саманди бодпои мо оҳу-воҳкунон истод. Дигар хоб кучо шуду…

Саманди пири бодпои мо бо В.В.Канивец

Саманди пири бодпои мо бо В.В.Канивец

 Маълум, ки ин «бодпо»-и мо аз ҳад каме тезтар давидааст. Гаишник омад, ин мулоимхунуки ҳамсафари ман оинаашро фароварду (ноҳурматиро бин!) ба сари гаишник доду вой кард. Нафаҳмидам. О, ту ку гуноҳ карди, о фаро бахшиш пурс?!
Не кучо? Ба чои бахшиш ба сари гаишник дод мезанад! Ё ман хоб бошам, ё…

Гаишник даст ба чаккаш бурду роҳи сафед орзу кард! Ё тавба!!!

Аҳа, бовар накунед, зеро ман ҳам ба чашмонаму гушонам бовар накардам. Саманди бодпои мо ба мани гарангмонда эътибор надода боз ба роҳ баромад.
Владимир Викторович (ҳамин ҳамсафарам-дия), комментария кард: мувофики конун гаишник бояд дар чое истад, ки ман, яъне ронанда вайро бинам. Талаби конун ҳамин…

Оҳиста оҳиста ба худ омадам. Анакнун оби радиаторам чушиду давлениям ба 280 баромад!!!
-Э мур ту ношуд,- гуфтам, — садкаи номи гаишники шави!!! Аблахи гузароро ҳам гузаронди-ку?! Нонатро аз чигилдонат кашида гирифтанд, ту боши ба болояш «рохи сафед»-ҳам гуфти?! Э аблаҳу балою батар… Хобаки шабатро ҳаром карди, ки як тика нон барои кудаконат бари! Оҳи хамон кудаконат гирад!
Хуллас, як чахон дуою ҳаккоратхои гушношунид бар адресаш равон кардам. Намедонам кай мерасаду вай кай мегирад.

Ба пеши назарам гаишникои худамон омаданд. Ана ин гап дигар. Вакте аз Хучанд ба хона назди волидайнам меравам, харакат мекунам, сафарам шабона бошад. Дар куча нозирони гаи нестанд, чикадар хохи мазза карда мошинатро «пачак» мекуни, бепарво коидахоро вайрон кардан мегири. Худат шоху таъбат вазир!

Як шаб, мулоимхунукхо дар Куркат истода будиянд. Аз фурсат истифода бурда маро нигох доштанд:
-Бародар аз руи 85 меоед-ку? Нарушаем-нарушаем…
Мо ҳам паст намеоем:
-Э ако, ҳо ана дар ончо шашликои зур мепазанд. Як хамин шаб ужинча ташкил кунем, чуту?
-Боракалло, брат, факат мо се кас-дия…
Ана инро ман мефаҳмам. Гаишники ҳакики!
Хуб, маълум, ки сухан дар бораи се варакае меравад, ки дар онҳо мисраҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ такрор шудаанд.
Ҳеҷ гап набудааст-ку. Агар ҷаримаи давлатӣ гирад, ҳатто си дона аз он варакаҳоро туро халос намекунанд, баркаи коратро диҳаде!
Аммо, аз ҳама мухим ва ширинаш он аст, ки варакаҳоро медиҳию бо дили пок эълон мекуни:
-Ако, шармандаам накунед. Дар ин роҳ, хусусан шабона, ман ягон бор аз 100 -120 паст намеоям.
Гаишник ҳам хурсанду ту ҳам. Дилатро холи карди, боз роҳи сафед. Таъби ҳарду чок! Ба мисли ин аблаҳи гузаро не, мур аз ин рузат! Обруи гаишникора як пул карди!

Борони беруни шаҳр аз дохилаш фарқ мекардааст. Дар ин ҷо борони ҳакики! Аз ҳамон борони худамон. Таъби ҳардуямон хира, неки димоги саманди бодпо чок. Медаваде!!! Борон ҳам паст намеояд. Саманди бодпои пири мо оинатозакунакҳояшро ба кор меандозад. Ин ду хизматгор чунон бо сузу гудоз меҳнат мекунанд!
Ман ҳам ба фикр меравам. Ваааааау… агар дар Ватан ба мисли ин ду оинапоккунак мансабдоронамон хизмат кунанд…
Аҳа, хобат бурд – бача! Хез ин афсонаро факат дар хобат мебини…

ЛОИКУ КАРОМАТУЛЛОХ (Худо чояшонро Чаннат кунад) ва ДАЛЕР…

Мошин куҳна бошад ҳам, бо магнитолаи замонави чиҳозонида шудаст. Аз шаҳр хеле дур шудем. Родиё ҳам фашу фушкунон мавчро кабул накард. Канивец вайро хомуш кард. Ман аз момент истифода бурдам. Гуфтам, ҳамин як мусикии точикиро гуш кунем чи хел?
-Ну давай… Мне без разницы. Нигохаш чидди, хатто хашмолуд. Шояд дар дилаш ба мисли ман гаишникро хакорат дода истода бошад, намедонам.
Дарҳол флешкаамро мемонам. Сурудҳои Далер Назар ва Худораҳматии Кароматуллоҳ. Ана боз сар мешавад:

Бо ҳам бисозед,
Эй дустдорон.
Хазон мерезад,
Аз шохсорон…

Бе ягон дудилаги фикрҳои гароиб ба каллаи пусида меоянд. Соҳиби мисраҳо кучост? Соҳиби садо чи? Як ба спидометри саманди афташ ландаҳуру худаш бодпо назар меандозам. Уҳҳуууу аз 120 боло баромадааст. Ба болояш, ин мулоҳимхунук аз афташ нияти даргирон кардани чарогхои дурнамояшро (дальний) надорад. Ба хар хол куча торик…

Ана, — фикр мекунам, -мардуми Точикистон бахудаш. Парвои олам надоранд. Намози шом наздик, ҳоло атроф рушан. Лекин ронандахои мо чарогхои дурро фурузон мекунанду хаёл хам намекунанд, ки чашми ронандаи аз пеш ояндаро ё дар пешбударо мебарад. Дар бораи шаб хочати гап не.

Бо лутфи як шахси ҳамингуна ғамхори куча ман аллакай чаппа шуда будам. Умрам дароз будааст, ягон бало назадама.

-Чаро чароги дурнамоятонро намегиронед, — мегуям, — чашматон ин хел монда намешавад?, — гуё гамхори менамоям ман.

Дар асл, ягон мискол гами вайро гами чонаки ширини худама мехурам. Худо накунаду дар аз хамон чукурихои худамон пайдо шавад. Масалан, вакти зимистон ба хона сафар мекунам, барои гузаштан аз баъзе чукурихои рох, ки гуё махсус кофта шуда бошанд, пешу кафо дода баъд роҳамро давом медодам. Не, бо фикр накунед ки ин муболига…
-Не чи зарур, — мегуяд ин хамрахи ноинсофам. -Ба ронандаҳои аз пеш оянда халал мерасонем.
Ман ҳучумамро аз маймана давом медихам:
-О, яке аз пеш чукури барояд, успеть намекунед, — мошин ҳайф!
Бало ҳасти-дия, муллобахтиёр, гами мошинашам мехури!

Настроени яке баду дигаре аъло...

Настроени яке баду дигаре аъло...

-Ха-ха-ха,-настроенияаш зур шуд. Ин роҳҳо аз ун чукури ту мегуфтаги надоранд. Ҳеҳ ноинсоф, парвое ҳам накард.

Неки манборин буздилаш дар дунё набудагист. Аз мурдан чунон метарсам (ҳммм, як бор мардакборин икрор шуди-а?). Эъ, нейе, ман наметарсам, просто, ҳозир мурдан ба плани ман дохил нест, ба болои ин ҳавсалаи мурдан-ҳам надорам.
Хош ки бошад, корҳои ба сомон нарасондаам хело зиёданд, нав чанд гулам аз ҳазортояш шукуфтааистодааст. Лоакал як фоиз ҳам не! (Фух… надеюсь, что оправдание получилось)

Аз фурсат истифода бурда риштаи суханро Далер Назар ба дасти худ мегирад:

Оям ба гирдат мисли обе, бороне, ошике.
Печам ба гирдат мисли боде, сабое, ошике…

Ман фикр мекунам, дар бораи ман ин шеър, — кай бармегардам ба Ватан. Ба мисли ҳамон борону боди сабо. Ана Далер бошад аз ман кафо мондани не:

Боле занам парвонавор, сояе, ошике…

Боз сар мешавад фикрҳои безеб: Уҳун, парвонавор ба суи шуълаи шамъ? Худоё мани аблаҳ чи гуфта истодам-а? Боз ким кадом лентаҳои ҳаёт пеши чашмам мебиён.

Давомаша пагох вакт шавад иншооллох менависем.

Худо нигахдори бандагонаш бод.

Декабрь 2, 2009 Posted by | Uncategorized | 12 комментариев

Равам ба зиёрати кабри солдати точик…

Хавои Киев ачоиб аст. Бороне борида истодааст, ки мислаш ман дар Ватан надидаам. Ачоиб борони махин, чунон махин, ки хатто борон хам не. Ох чи хел форам аст, сайр дар чунин хаво. Сахт ёд кардам Ватанро.

Пеш аз ба сафари Укроин баромадан як кори ачоиб шуд. Бобои як коргарамон дар вакти чанги Бузурги Ватани бе ному нишон гардида будааст. Аввал аз вай хат мегирифтанду баъд дигар на хат ва на номаи сиёх. Баъди чанг беҳисоб бор ба Архиви маркази муроҷиат мекунанд, чандин чойҳоро кофтанд аммо ягон хатту хабаре наёфтанд. Волидайнаш боҳасрат аз дунё гузаштанд. Фарзанди бародари хурдиашро  ба номи хамон солдати гумгашта Абдусаттор номиданд. Мо ҳам аз карнайчи як суфу пуф гуфтему ба Архиви маркази (Центральный архив, Москва) нома навиштем, баъди чанд вакт чанд мактуби гуногун гирифтем…

Баъди он ки Киев омадам, аз интернети бепул истифода бурда ба кофтуков даромадам. Боз маълумоти ҳархела. Баъд як коргари инчои (Владимир Викторович Канивец) гуфт, биё ба ҳамаи ин адресҳо занг мезанем. Дар ҷавоб ба занги мо боз ҷавобҳои ҳархела, яке мегуфт, братская могила, ному насаб нест, дигаре мегуфт, чунин ном нест ё шояд бо дигар ном сабт шуда бошад ва ҳоказо. Аммо як нафар чавоб дод, ному насаби солдатро диҳед ва баъди нисфирузиӣ занг занед, ман рӯйхатро дида мебароям. Шахсе, ки мо меҷустем, бо ному насаби гуногун дарёфтам аз инет. Пас номи аз ҳама паҳншудаашро пешниҳод кардам Кахоров Саттор. Рузи ҷумъа буд аз ин рў ман имкони баъдинисфирўзи истоданро надоштам.

Бегоҳ ба ман Канивец занг зада гуфт, ки Кахаров Абдусаттор ҳасту аз шахси гуфтаи ту нишон не. Воҳ!!! Шодиям ҳадду канор надошт. Аслан исми солдат Абдусаттор буд…

Эҳҳа ман ин боронро ҳеч чиз не гуям, муи сарамро тамоман тар кардааст-ку. Зуд савор шудам ба маршрутка (ҳм, маршрутка? Автобуси наонкадар калон гуем дуруст). Яке аз достопримечательности шаҳри Киев «Киевский торт»  будааст. Ният кардам, равам як торт гираму барам барои хушхабараш, бо кадами ширини точикона (ман точикам-ку!!!). Дар масҷид бо тоҷиконамон вомехӯрам. Аввал хостам аз муфтӣ — Аҳмади Тамим суол кунам, ки Худо раҳмат кунад, шояд беҷаноза гӯронида шуда бошад, оё ҷанозааш хонам дуруст аст.

Ба бахти ман як ҷавони донишманд аз Исфара омадааст — Исмоил. Дар борааш баъдтар вақт шавад менависам. Азбаски мо суннимазҳабем, бехтараш чавобро аз у гирам. Чавоб дод, ки чаноза лозим нест, ва зиёрати кабр хам аз нигохи шариат дуруст аст. Ва ояти Каломуллоҳро ба ҳамаи мусалмонони хокшуда бахшӣ дуруст аст, ҳеҷ боке надорад, гарчанд дар «братская могила» мусалмон ҳам хобу номусалмон ҳам…

Меравам иншооллоҳ ба ноҳияи Шпола ба деҳаи Васильково. Мекобам пиронсолони деҳро шояд ягон шахсе монда бошад, ки донад худораҳматиро…

Худовандо…

Декабрь 1, 2009 Posted by | Uncategorized | 3 комментария

ДАР шахри КИЕВ

Эхххеееееееее, кариб се мох мешавад, ки берун аз Ватан зиндаги дорам. Дар Укроин шахри Киев. Ёд кардам Ватанро. Фух, ганда сахт ёд кардам. Намедонам чи дорад хамон Точикистонам… Шояд бод ва хок?

Пеш аз он ки ба сафар баромада будам, аввал аз пешвозгирандагон масчидро пурсон шуда будам. Вакте омадам, аз тарики интернет сурогаашро ёфтам. О! Хурсанд шудам. Хайрият дар ин тарафхо хам мусалмонон будаанде, гуфтам ба худ.

Масчиди Ар-Рахма дар ш.Киев

Хуллас, омад рузи чумъа, соати 11 давидам ба суи истгох. Бо маршрутка омадам то истгох-метрои Либидска. Ха, маршруткаи инхо аз автобуси худомо ками надорад. Ба худ гуфтам, шумохо як бор маршруткаи моро бинед, як мехмонамон шавед, ки ба хамон тангенчахо саворатон кунам 🙂
Рузхои аввал чунон фикр мекардам, ки гуё хама ба ман нигох мекарда бошанд (Баъдтар фахмидам, ки эххе, дар инчо хам ба мисли манхо чунон бисёр будааст, ки…)

Масчиди «Ар-Рахма»-и ш.Киев дар мавзеи Подол ё Татарка чой гирифтааст. Ончоро боз Олеговский хам мегуяанд. Короче, дар баланди, чои зур!

Масчид хануз дар солхои пеш дар хамин чой вучуд доштааст. Баъд вайронаш кардаанд, душманони ислом. Холо бошад сохтмонаш дар авчи аъло!!!

Муфтиашон Шайх Ахмади Тамим аслан аз Ливан.

Шайх Ахмади Тамим

Дар масчид намояндахои хамаи мазхаб баробар намоз мехонанд. Худи шайх таъкид карда,  боке надорад аз паси имоме намоз бихони ки аз мазхаби ту набошад. Хуллас дар ин чо точикон хеле зиёд хастанд. Шайх аз мазхаби сунни набудаанд. Масалан, дар вакти намоз хондан Бисмиллахир-рохманир-рохимро бо овози баланд мегуянд. Баъд аз рукуъ хестан ба мисли шиахо такбир (яъне даст ба гуш бурдан) ичро мекунанд. Лек бо арабиву руси бе ягон дудилаги харф мезананд. Впрочем, ин чои тааччуб нест. Мардак муфти хаст охир…

Вакти имом сураи ал-Хамдро тамом мекунад, хама баланд АМИН мегуянд. Хуб, ин ба хама маълум, ки ба мазхаби мо рост намеояд, хатто макрух аст.  Лекин вакте хаммаашон баробар бо як овоз аааамииииин мегуянд, ух, круто! Астагфируллох. Неее бо фикр накунед, ки ман хам баланд гуфта бошам, не пастакак омин мегуям. :ops: Точик буднамро нишон метиям-дия. Точик, ки боши бояд дар хар як чиз нуксон ёби. Хи-хи…

Ха кайд кардам ё не? Дар ин чо точикон бисёр хастанд. Масалан бо як бародар шинос шудем, исмашон Парвиз аслан аз Душанбе дар сохаи кинорежиссури тахсил мекунанд. 

Ман ва Парвиз дар Майдан Незалежности

Бача оянда дорад. Худоро шукр ки хамин гуна бачахои калладору бофарханг хам ба хорича бахондан меомадаанде. Ба рости аз бархе аз «олимон»-и мулохимхунуки худамон бо хамингуна бачахои бофарханг хамсухбатбоши суперчитирлиард маротиба хубтар аст, бемуболига…

Эх-хаааа, ика навиштиямэ. Майли Худо нигахдори бандагонаш бошад. Ягон руз вактам шавад бо иншооллох дар бораи точикони Киев ва алохида дар бораи Масчиди Ар-Рахма менависам..

Валлоху Аъламу

Ноябрь 21, 2009 Posted by | Uncategorized | 5 комментариев

Бозёфтхо аз Ягноб

Як ду руз пештар аз сомонахои интернети сайтхо марбут ба забони ягноби ёфтам. О чунон хурсанд шудам, ки маълум шуд, ки ба ин забон бисёре хоричихо хам диккат медодаандэ! Читать далее

Октябрь 13, 2009 Posted by | Uncategorized | , | 16 комментариев